21 Август 2026 - 22:44
Source: ABNA
Намояндаи Конгресс: Ҳукумати Трамп аз рӯзи аввал дар ҷанг бо Эрон ҳеҷ стратегие надошт

Намояндаи Конгресс ва сарбози собиқи артиш, ки узви Кумитаи нерӯҳои мусаллаҳи Палатаи намояндагони Амрико низ мебошад, дар суханрониҳо эълом кард: Ҳукумати Трамп аз рӯзи аввал дар ҷанг бо Эрон ҳеҷ стратегие надошт.

Ба гузориши хабаргузории «Абно», Ҷейсон Кроу, намояндаи Конгресс ва сарбози собиқи артиш, ки узви Кумитаи нерӯҳои мусаллаҳи Палатаи намояндагон низ мебошад, дар барномаи «MS NOW» бо Лоуренс О’Доннел суҳбат кард.

Маркази ин суҳбат, набудани стратегияи Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико барои поён додани ҷанг бо Эрон ва инчунин интиқоди тези Ҷейсон Кроу аз «нотавонӣ» - и ҳукумати Трамп дар ба хатар гузоштани нерӯҳои низомӣ, аз ҷумла 5 ҳазор нерӯи мустақар дар киштии ҳавопаймобари «USS Abraham Lincoln» буд.

Намояндаи Конгресс ва сарбози собиқи артиши Амрико дар ин хусус гуфт: «Аз Пит Ҳегсет (вазири ҷанги Амрико) гирифта то Скотт Бессент (вазири хизинадорӣ) ва Доналд Трамп, ҳеҷ кас дар бораи он ки чӣ гуна бояд ин ҷангро пирӯз шаванд, назаре надоранд ва аз рӯзи аввал ҳеҷ стратегие ҳам надоштанд».

Намояндаи демократи Конгресси Амрико илова кард: «Агар мардуми Амрико намедонанд ки ҷанг кай поён меёбад, ба ин сабаб аст, ки Конгресс ҳанӯз ба он поён надодааст».

Your Comment

You are replying to: .
captcha